Банд мондани беш аз 150 "Камаз" дар пайи чаппа шудани пули Сурхсангоб
Дар пайи фурӯ рафтани пуле дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон беш аз 150 мошини боркаш, ки бештарашон аз Чин меоянд, дармондаанд. Дар ин бора як манбаъ аз ноҳияи Ванҷ иттилоъ дода, афзуд, “чаппашавии пул 4 рӯз пеш рух дода буд ва то кунун мошинҳои боркаш аз самти Хоруғ ба Душанбе имкони гузаштанро надоранд”.
Ба қавли мусоҳиби мо, ин пул яке аз купрӯкҳои асосӣ дар ин минтақа аст ва мошинҳои боркаше, ки аз ҷониби Чин меоянд, аз ин роҳ мегузаранд. “Ҳоло оби дарёро ба се қисм ҷудо кардаанд ва турба гузоштаанд, ки танҳо мошинҳои сабукрав мегузаранд. Худи ҳамин рӯз вазири нақлиёт барои ҳалли ин мушкил омадааст”.
Пули мавзеи Сурхсангоб ҳудудан 30 метр тӯл дошта, дар замони Шӯравӣ бунёд шудааст, ки ба қавли бархе аз сокинони Ванҷ, то ҳол таъмирро надидааст. Онҳо бовар доранд, яке аз иллатҳои чаппа шудани пул ҳамин кӯҳнагӣ ва таъмир надиданаш мебошад.