“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст
Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи овозхонҳои шинохта Азизовҳо мебошад, пиёдагардеро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Озодагон” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад.
Висол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш “0100 ВР 01”, ки Висол бо он пиёдагардро аз пой афтондааст, ба номи Остон Азизов, овозхони тоҷик, сабт шудааст.