Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд
Торнамои Тураҷон.Орг, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар пайи зиёд шудани вокунишҳо ба тарзи ҳиҷоб ё худ рӯсарипӯшию сатри духтарони мусулмон шартҳои асосии онро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.
Торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “сифатҳои аслии сатри исломӣ сето мебошад: аввал ин ки ба ҷуз рӯй ва кафу қадам, дигар тамоми бадани занро аз фарқи сар то қадам пӯшонад, кушоду васеъ бошад, то нуқтаҳои барҷастаи андоми занро зоҳир насозад ва низ тунук ё нозуку баданнамо набошад, ки андомҳои шаҳватангези занро ба намоиш гузорад.”
Тураҷон.Орг дар шарҳи ин навиштаҳояш таъкид мекунад, паёмбар (с) занонеро, ки либосҳои тангу тунук ва баданнамо мепӯшанд лаънат кардааст: “Паёмбар онҳоро “Косиётун ориётун" - яъне, занҳои дар зоҳир пӯшида, вале дар асл бараҳна ва нимбараҳна хондаанду ин тарзи либоспӯширо яке аз нишонаҳои охируззамон гуфтаанд.”
Вале торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо пӯшидани сатрҳои тангро аз либосҳои нимбараҳна авло дониста, мегӯяд, аз назари андоза ва дараҷаи гуноҳ байни зане, ки сатри танг мепӯшад, бо зане, ки бараҳна ва нимбараҳна либосҳои аврупоӣ ба бар кардааст, фарқ вуҷуд дорад. Ин торнамои исломии кишвар дар охир аз бонувон ва хонумон, аз ҷумла корбарони худ даъват кардааст, аз пӯшидани ин навъи сатр (танг) худдорӣ варзанд, чун аз нигоҳи шариати Ислом нораво мебошад.