Помир, сабқати футбол ва қувваозмоии муҳоҷирони корӣ (АКС)
Дар пойтахти Русия панҷумин мусобиқа оид ба футбол миёни дастаҳои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ин сабқат дар варзишгоҳи «Торпедо»-и ба номи Эдуард Стрелтсови Маскав бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни ҷавонон-«Помир», ки раҳбарии онро шаҳрванди Тоҷикистон - Анзор Назархудоев бар дӯш дорад, оғоз шудааст.
Тавре дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, дар расми ифтитоҳи сабқати мазкур сафир Имомуддин Сатторов ва футболбози маъруфи тоҷик Олег Ширинбеков иштирок доштаанд. Дар мусобиқаи мазкур 16 даста бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Даври финалии он 14 сентябр баргузор мешавад.