Гуфта мешавад, сӯхтор дар киштие, ки ғунҷоиши 4 ҳазор тонна об дошт ва аз бандари Пусан ба ҷазира-осоишгоҳи Чечжудо дар ҳоли ҳаракат буд, соати 01-20 шаб, вақте киштӣ дар гулугоҳи Куриё начандон дуртар аз бандари Йосу қарор дошт, рух дод.
Бонги изтиробро нахустин шуда, яке аз намояндагони экипаж бардошт, ки вай буй дудро аз қисмати боркашонии киштӣ эҳсос кардааст. Нерӯҳои наҷотбахши баҳрӣ низ ба ҷойи ҳодиса омада расиданд ва ҳодиса ҷилавгирӣ гардидааст. Барои ёрии таъҷилӣ ба беморхона 7 нафар, ки дар вақти наҷот додани мусофирон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта буданд, муроҷиат карданд. Феълан, пулиси маҳаллии баҳрӣ сабабҳои сӯхторро таҳқиқ дорад.{jathumbnail off}