Қозидавлат Қоимдодов, Двориник ва баҳси тиҷоратии Тоҷикистону Гомел
Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус, бо Владимир Дворник -- раиси кумитаи иҷроияи вилояти Гомели ин кишвар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Бар асоси иттилои масъулони сафорати Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот, ки 8 август доир гардид, Дворник аз коҳиши гардиши мол миёни вилояти Гомел ва Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Номбурда пешниҳод намудааст, барои рушди ҳамкориҳо вохӯрии доираҳои тиҷории вилояти Гомел ва Тоҷикистон дар Гомел ва баъдан чунин вохӯрӣ дар Тоҷикистон ташкил шавад. Манбаъ мегӯяд, гардиши мол миёни Тоҷикистону вилояти Гомели Беларус дар соли гузашта 3,14 миллон долларро ташкил додааст. “Содироти мол аз Тоҷикистон ба вилояти Гомел 14,7 дарсад ва аз Гомел ба Тоҷикистон 8,16 дарсадро ташкил дод. Дар нимаи аввали соли 2014 гардиши моли миёни Тоҷикистон ва Гомел ба 1,53 млн доллар баробар шуд. То имрӯз ширкати тоҷикистонии “Ёқут” ва ширкати беларусии “Гомелдрев”, ширкати тоҷикистонии “Элит” ва ширкати гомелии “Ветковская прядильная фабрика” ҳамкориҳои зич доранд”,-омадааст дар хабари сафорати Тоҷикистон дар Беларус.
Қозидавлат Қоимдодов рӯзи 8 август бо масъулони Минтақаи озоди иқтисодии “Гомел-Ратон”-Беларус мулоқот намуда, хостори ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии яке аз кишварҳо шудааст. Оқои Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.