4:1. Пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Малайзия
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Малайзия 4:1 поён ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари тими миллӣ ва бошгоҳи "Жетису"-и Қазоқистон боз кард. Дар дақиқаи 38-ум ҳамлагар Дилшод Восиев тӯби дуюмро вориди дарвозаи Малайзия намуд. Аммо дар дақиқаҳои охири қисмати аввал довар Александр Гаузер барои дар назди дарвозаи худ яке аз бозигарони меҳмононро афтондани футболбози тоҷик, ба дарвозаи Тоҷикистон ҷаримаи 11-метра таъйин кард. Муҳаммад Амрӣ аз ин фурсат хуб истифода намуда, ҳисобро 2:1 кард.
Дар дақиқаҳои аввали қисмати дуюм Дилшод Восиев натавонист зарбаи 11-метраро ба нишон расонад. Аммо нимҳимоятгарон Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 51) ва Нуриддин Давронов (53) тавонистанд, ду гол бизананд.
Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, онро дар варзишгоҳ беш аз 10 ҳазор нафар тамошо карданд.
Соҳибони майдон бо либоси сафед ва бозигарони Малайзия бо либоси зарду сиёҳ ба майдон баромаданд. Доварии қувваозмоиро Александр Гаузери 39-сола аз Қазоқистон бар дӯш дошт.
Ин нахустин маротиба аст, ки тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия бо ҳам қувва меозмоянд. Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар зинаи 124, Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.
То наздиктарин бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон чор рӯзи дигар мондааст. 12 август футболбозони тоҷик бо тими миллии Қазоқистон вориди рақобат хоҳанд шуд. Ин бозӣ соати 18:30 (ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато оғоз мешавад.
Дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон се маротиба бо ҳам қувва озмудаанд. Дидори аввал 11 апрели соли 1994 дар чорчуби сабқати байналмилалӣ дар Тошканд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. 2 июли соли 2006 дар доираи бозии дӯстона дар Алмаато ба майдон баромаданд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. 8 сентябри соли 2007 бошад бозии дӯстонаи ду тим дар Алмаато мусовӣ- 1:1 поён ёфт.