Абдулқодирзода: “Дар ба дар гаштану гадоӣ кардан ҳаром аст”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гадоии нафаронеро, ки нерӯи корӣ доранд, аз нигоҳи Ислом ҳаром хонд. Ӯ рӯзи 8 август дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа гуфт, “вақте маъюб нестию аз дастат кор меояд, дар ба дари хона гаштану гадоӣ ё худ тамаъ кардан ҳаром аст.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, гадоӣ кардан барои инсон дар ҳоле ҷоиз аст, ки аз сабаби гуруснагӣ марг ба ӯ таҳдид дорад: “Дар ҳамин ҳолат низ ба қадре ҷоиз аст, ки аз гуруснагӣ раҳо ёбад. Ин маънои онро надорад, ки инсон то охири умраш талбандагӣ кунад. Гадоӣ ҳаром аст, ҳаром!”
Абдулқодирзода дар идома ибрози таассуф кард, ки ҳоло талбандагӣ барои бархеҳо одат шуда, ҳатто барои рафтан ба зиёрати Хонаи Худо низ онҳо аз идораву корхонаҳои кишвар тамаъ мекунанд: “Мутаассифона, ҳоло инсонҳое пайдо шудаанд, ки дар ба дари идора ё хона мегарданду як гап доранд, мегӯянд, нияти Ҳаҷ кардаам. Бародарони азиз, Худованд вақте сарват надодааст, намегӯяд, Ҳаҷ бирав!”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ сокинони кишварро ба қаноатмандӣ даъват карда, илова намуд, вақте инсон ба ҳар чӣ дораду қанотамндӣ мекунад ва аз ин тақдири илоҳӣ розӣ аст, ин худ маънои онро дорад, ки ба Ҳаҷ рафтааст.