“Кайфу сафо”-и язнаи президент ва ҷӯраҳояш дар Душанбе
Торнамои “Хроника Туркменистана” аз ҷузъиёти то ин дам норӯшани “омодагӣ ба сафари расмӣ”-и моҳи майи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба Душанбе матлабе ба чоп расондааст. Манбаъ мегӯяд, язнаи Бердимуҳаммадов гӯиё дар пойтахти Тоҷикистон 100 000 доллар харҷ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари президенти Туркманистон ба Душанбе, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, шавҳари яке аз хоҳарони Бердимуҳаммадов ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. “5-6 май сафари расмии президенти Туркманистон дар Тоҷикистон сурат пазируфт. Қабл аз ин, 29 апрел гӯиё барои ҳал кардани масъалаҳои омодагӣ ба ин сафар язнаи президент бо панҷ дӯсташ ба Душанбе рафтаанд”,-навиштааст торнамо.
“Хроника Туркменистана” менависад, харҷи ин шаш нафар аз ҳисоби буҷаи Туркманистон пардохта шудааст. “Дар ҳоле ки дар Душанбе сафоратхонаи Туркманистон мавҷуд аст ва метавонад (бояд) тамоми масъалаҳои марбут ба сафарро ҳал кунад”,-мегӯяд манбаъ.
“Ҳамон шаб, (29 апрел) язнаи президент ҳамроҳи дӯстонаш ба клуби шабонаи маъруфи Душанбе “Девятый вал” рафта, то субҳ 16 000 доллар масраф кардаанд. Ба ҷуз аз харҷҳо барои ғизо ва нӯшокӣ, ин ҳайат ба мутрибон ҳам саховатмандона пул додаанд, бо дархости онҳо ду бор дар васфи Ашқобод ва се бор дар мавриди мустақилияти Туркманистон суруд иҷро шудааст”,-навиштааст “Хроника Туркменистана”.
Тақрибан бо ҳамин усул язнаи раиси ҷумҳури Туркманистон ва дӯстонаш чанд рӯзу шабро дар Душнабе сипарӣ карда, ба маблағи наздик ба 100000 доллар масраф кардаанд. “Оё ин харҷҳо ба нафъи сафари расмии президенти Туркманистон анҷом шуданд, ё не то ҳол номаълум аст”,-хулоса кардааст “Хронике Туркменистана”.