Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи 9 сол зиндонӣ шудани Усмон Ғайратов
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 август нуҳ сол зиндони Усмон Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистонро, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев муҷрим шинохта шудааст, бидуни тағйир боқӣ гузошт.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Шаҳбол Мирзоев тӯли бештар аз як моҳ дар бемористони Қарияи Болои Душанбе қарор дошт ва сипас барои табобат ба Русия интиқол ёфт. Ҳоло ӯ дар бемористони Хуҷанд аст ва ба гуфтаи падараш -- Нуъмон Мирзоев, саломатияш рӯ ба беҳбуд овардааст. “Дар гузашта дасту пояш ҳаракат намекард, нишаста наметавонист. Ҳоло дасту пояш меҷунбад, ҳаракат мекунад. Кам – кам тавассути аробачаи маъюбӣ ба берун ҳам мебарорем”,-афзуд ӯ.
Абдулмаҷид Ризоев ва Абдураҳмон Шарифов, вакилони мудофеи Шаҳбол Мирзоев мегӯянд, баъд аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ нисбат ба Усмон Ғайрвтов, онҳо барои пардохти зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ низ ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.
Аксҳои нави Шаҳбол Мирзоев