Тоҷикистон, таппак, Бонки Ҷаҳонӣ ва "намедонам, бигирям ё бихандам"
Ҳумайрои БАХТИЁР
Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, истеҳсоли саргин ё таппакро ба роҳ бимонад. Муҳаққиқони ин бонк дар гузориши ахири худ навиштаанд, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанду захираи таппак ва ангишту ғӯзапоя барои гарм кардани манзилу таҳияи ғизоашон бисёр муҳим аст.
“... ин таҳқир аст”
Аммо дар асри фанновариҳо ин тавсияи Бонки Ҷаҳониро Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон, таҳқире беш намедонад. “Вақте дигар кишварҳо аз боду офтоб барқ истеҳсол мекунанд, пешниҳоди истифодаи саргин таҳқир аст. Бонки Ҷаҳонӣ аз вазъияти кишвари мо огоҳ аст. Медонад, ки мо мунтазири посухи онҳо дар мавриди бунёди Роғун ҳастем. Аз ин хотир ба ҷойи пешниҳоди ин гуна тавсияҳо беҳтар мебуд, то хулосаи худро ба мо бидиҳад.”
Шукронаи ТАППАК! Интихоби дигар ҳам дорем?
Ин вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ афзуд, бидуни тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ ҳам Тоҷикистон медонад, чӣ гуна дар фасли сармо аз саргин истифода кунад. “Инро бе тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ ҳам медонем ва самаранок аз ин биосӯзишворӣ истифода мекунем.”
“...ин сатҳи мо аст”
Табаралӣ Ғаниев, профессор ва доктори илмҳои иқтисодӣ, мегӯяд, гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бозгӯи воқеияти кишвар буда, аз сатҳи пасти зиндагии мардум дарак медиҳад. Оқои Ғаниев ба ин назар аст, ки аксар аҳолии рустои Тоҷикистон дар фасли сармо имкони молии харидории ҳезум ва ангиштро надоранд.
“Бонки Ҷаҳонӣ, яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври нарм ба мо гуфт, то бидонем кӣ ҳастем ва сатҳи худро “эътироф” бикунем”,-таъкид дошт профессор. Табаралӣ Ғаниев гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ аз захираҳои табиии Тоҷикистон огоҳӣ дорад ва бо ин тавсияи худ барои мо исбот карданист, ҷуз истифодаи ин чора надорем. Номбурда бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то ҳарчи зудтар барномаҳои худ доир ба рушди иқтисод ва фароҳам овардани ҷойҳои кориро роҳандозӣ намояд.
“...ин ақибмондагист”
Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили иқтисодӣ, ин пешниҳоди Бонки Ҷаҳониро хандаовар арзёбӣ намуд. Номбурда гуфт, агар Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳақиқат чунин пешниҳод кардааст, пас, маънои онро дорад, ки Тоҷикистонро ақибмондатарин давлати ҷаҳон муаррифӣ карданд: “Дар тааҷҷубам. Мақомот даст бар сина мезанад ва мегӯяд, мо ориёӣ ҳастем. Ҳоло мехоҳам бубинам, ки мақомот ин пешниҳодро дар асри фанновариҳо чӣ гуна қабул мекунад ва ё посух мегӯяд?”
Раҳматов ба унвони як коршинос ва шаҳрванди Тоҷикистон ин пешниҳоди Бонки Ҷаҳониро аз як сӯ маҳкум мекунад ва аз сӯи дигар мегӯяд, айби худи тоҷикон аст, ба ин ҳол афтодаанд. “Тоҷикистон захираҳои табиӣ дорад. Аммо мушкил ва айб дар мост, ки онро истифода карда наметавонем”,-афзуд ӯ.
Тавре аз андешаи коршиносон бармеояд, ин даъвати Бонки Ҷаҳонӣ як навъ таҳқири давлати Тоҷикистон аст ва роҳбарони кишварро бояд сари номус орад. Ростӣ, аз ин тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ шарми кас меояд. Ба масъулини тоҷик ҳам таъсир мекарда бошад?