Рақобати тимҳои Тоҷикистон-Ироқ дар сабқати Осиё-2014 мусовӣ шуд
Мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон (U-14) бозии дувуми худро дар доираи чемпионати Осиё-2014 мусовӣ кард.
Рақиби футболбозони тоҷик ин навбат тими миллии наврасони Ироқ буд. Ин бозӣ мусовӣ-1:1 анҷом ёфт. Ёдовар мешавем, дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 аз Тайланд шикаст хӯрд. 10 август футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Кореяи Ҷанубӣ қувва меозмоянд. Барои ба даври баъдӣ гузаштан, мунтахаби наврасони Тоҷикистонро зарур аст дар ин рақобат дастболо шавад.
Чемпионати Осиё миёни наврасони то 14-сола
Гуруҳи “В”. Даври 1
ТОҶИКИСТОН – Тайланд – 1:2
Ироқ – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0
Даври 2
Ироқ – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ - 0:8
Гуруҳи “А”
Даври 1
Ҷумҳурии Корея – Арабистони Саудӣ – 2:0
Эрон – Тимори Шарқӣ – 4:1
Даври 2
Тимори Шарқӣ – Арабистони Саудӣ – 2:1
Ҷумҳурии Корея – Эрон – 1:0
Тақвими бозиҳо:
Даври 3
8 август (ҷумъа)
Эрон – Арабистони Саудӣ
Ҷумҳурии Корея – Тимори Шарқӣ
9 август (шанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – ТОҶИКИСТОН
Тайланд – Ироқ
Даври ниманиҳойӣ
11 август (душанбе)
1 “А” - 2 “В”
1 “В” - 2 “А”
Финал
13 август (чоршанбе)
Ғолиби 1 “А” /2 “В” - 1”В”/2 “А”
Мусобиқот дар шаҳри Ҳамадони Эрон ҷараён дорад.