Русия муттаҳам дар дуздии 12 миллион долларро ба Узбакистон истирдод кардааст
Шаҳрванди Узбакистон, ки дар дуздии беш аз 430 миллион рубл, (наздик ба 12 миллион доллар) муттаҳам мешавад аз Русия ба ватанаш истирдод шудааст.
Ба иттилои расонаҳо, Акмал Истамови 32-сола дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Мақомоти Узбакистон ӯро дар “аз худкунии моликияти ғайр, қаллобӣ, суистифода аз мақом ва қонунӣ кардани даромадҳои аз роҳи ғайриқонунӣ бадастомада” гунаҳкор мекунанд. Мақомоти тафтишотии Узбакистон гуфтаанд, солҳои 2006-2007 Истамов ба ҳайси сардори шӯъбаи яке аз бонкҳои Узбакистон ба ҳайати гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки онро собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Самарқанд раҳбарӣ мекардааст, шомил гардидааст.
"Акмал Истамов бо роҳи фиреб даромадҳои ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқиро ба банк оварда, ҳамчунин пулҳои бо роҳи фаъолиятҳои ҷиноӣ бадастомадаро қонунӣ мекардааст. Бо ин мақсад санадҳои қалбакӣ таҳия карда, иттиҳодияҳои сохта таъсис додааст",-омадааст дар хулосаи тафтишот.
Номбурдаро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия моҳи январи соли равон дар шаҳри Уфа боздошт кардаанд.