Боздошти зане, ки тифли навзодашро бар ивази 1000 сомонӣ фурӯхтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани як зан ба иттиҳоми хариду фурӯши тифли навзод дар ҷануби кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД-и кишвар, кормандони ин ниҳод сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлонро боздошт кардаанд, ки тифли навзоди худро бар ивази 1 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Манбаъ мегӯяд, “Х.М санаи 23 июли соли ҷорӣ дар терминали ноҳияи Ҳисор кӯдаки навзоди чормоҳааш - Х.Р.-ро ба Ғ.М - истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав бар ивази маблағи мазкур фурӯхтааст.”
Вазорати умури дохилии кишвар меафзояд, ки ҳоло алайҳи ин зан парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.