Бовари сармураббии Малайзия ва эҳтироми Мӯҳсин Муҳаммадиев
Долла Сали, сармураббии тими миллии Малайзия, ки барои як бозии дӯстона ба Душанбе омадаанд, гуфт, ба натиҷаҳои хуби варзишгаронаш бовар дорад. Дидори дӯстонаи дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия соати 18:00-и 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе оғоз мешавад ва арзиши билеташ 10 сомонист.
Сармураббии тими Малайзия дар нишасти хабарии 7 август дар Душанбе гуфт, ӯ ҳамагӣ як ҳафтаи пеш ба ин мақом баргузида шуда, аслан дар бораи дастаи Тоҷикистон тасаввуре надорад ва бозии онҳоро низ надидааст. Бо ин ҳол, ӯ аз боду ҳавои Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, он мисли ҳавои Малайзия мебошад.
“Дар Малайзия се рӯз барои иштирок дар ин бозӣ омодагӣ дидем. Тими мо дар Малайзия яке аз беҳтаринҳост ва ман ба кори хуби бозигаронам бовар дорам”,-хулоса кард Долла Сали.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, дар навбати худ, гуфт, ҳарчанд тими Малайзияро эҳтиром мекунанд, аммо ба ин назар аст, ки бозӣ хеле пуршиддат хоҳад гузашт. “Дар бозии 8 август бештари бозигарон аз дастаи “Истиқлол”-анд. Чунки аъзои ин даста барои иштирок дар ин бозӣ тамринҳои худро барвақт шуруъ кардаанд. Ба далели он ки онҳо пурра омодаанд, бештари бозигаронро аз тими “Истиқлол” интихоб кардем”,-афзуд ӯ.
Муҳаммадиев илова кард, онҳо то ин ки бо бозигарони Малайзия рӯбарӯ шаванд, навори бозии онҳоро тамошо карда, дар бораи дастаашон маълумоти кофӣ гирифтаанд.