Сеяки бозори меҳнати Петербург дар дасти муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон будааст
Ба омори Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург теъдоди муҳоҷирони беруна дар охири соли 2013 беш аз 900 000 нафарро ташкил додааст. Ин дар ҳоле, ки 3 150 000 аҳолии шаҳр расман бо ҷои кор таъминанд. Гуфта мешавад, 21 дар сади муҳоҷирони корӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва 42 фисади дигар табааи Узбакистонанд.
Сайти Санкт-Петербург навиштааст, музди меҳнати миёнаи муҳоҷирони корӣ 28 103 рубл аст, ки дар қиёс ба соли 2012, 20 дар сад бештар мебошад. Манбаъ афзуда, ҷаримаҳои зиёд-то 800 000 рубл, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро коҳиш дода, бештари корфармоҳо акнун аз рӯи қонун кор мекунанд. Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург гуфтааст, бо назардошти истифодаи технологияҳои муосир теъдоди муҳоҷирон дар оянда коҳиш меёбад.