Марги 12 нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ
Дар натиҷаи як сониҳаи нақлиётӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, 29 мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳодиса дар шимоли Ҳиндустон рух дода, як автобуси мусофиркаш ба дарё сарозер шудааст. Кормандони милисаи маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ронандаи автобус ҳангоми ҳаракат дар гардиши роҳ, ки ба самти аёлоти Уттаракханд ҳаракат мекард аз ӯҳдаи идораи нақлиёт дар зимма будааш набаромада ва дар натиҷа автобуси пур аз мусофир ба дарё гарқ шудааст. Хабар дода мешавад, ки автобус на бо сабаби техникӣ балки дар натиҷаи мушкил доштани роҳҳои мошингард дучори хатар гардидааст. Ёдовар мешавем, ки чунин як садамаи нақлиётии марговар моҳи августи соли равон дар штати Уттар-Прадеш, дар шимоли Ҳиндустон ба вуқуъ пайваста, 40 нафар ба ҳалокат расида ва 12 мусофири дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Ҳиндустон иброз доштанд, ки дар як соли ахир дар ин кишвар зиёда аз 110 ҳазор нафар бар асари сонеҳаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст доданд. {jathumbnail off}