Боздошти Қамари Аҳрор барои "халал" расондан ба ноиби сардори пулис
Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дар Хуҷанд, шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардидааст. Ин хабарнигори тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.
“Гӯиё ҳангоми наворбардории рақобати Мавзуна Чориева бо варзишгари узбакистонӣ ба тамошои муовини сардори Шуъбаи умури дохилии Хуҷанд халал расондаам”,-мегӯяд Қамари Аҳрор. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “худашон моро барои сабту наворбардорӣ ва нашри хабар дар бораи ин мусобиқа даъват карда буданд. Магар барои он даъват мекунанд, ки фақат тамошо кунем? Мо хабарнигорем ва корамон сабту наворгирист, на нишастану каф кӯфтан”.
Қамари Аҳрор афзуд, вақте аз ӯ хостаанд, то аз майдони мусобиқот берун равад, ӯ ба кораш идома додааст. “Баъдан, ду маъмури пулис, ки худро Наим Аҳмадов ва Бахтиёр Сангинов муаррифӣ карданд, бо зӯр маро ба берун кашида, ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Дар он ҷо маро барои “итоат накардан” муттаҳам намуда, протоколе ҳам тартиб доданд”,-мегӯяд хабарнигори Тоҷнюз.