Медали тилои Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзӣ ба муштзанҳои узбак
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати бокс, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, соҳиби медали тило гардидааст.
Мирзо Шамсиев, устоди Чориева, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин медали тилои шогирдаш баъд аз пирӯзӣ ба Муҳайё Исамбоева ва Ёдгорой Мирзова, варзишгарони узбакистонӣ, ба даст омадааст. Номбурда иброз дошт, дар ин мусобиқа, ки аз 2 то 6 августи соли ҷорӣ дар маркази Суғд идома кард, 87 варзишгар аз кишварҳои дунё иштирок доштаанд.
Номи Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.
Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як духтаранд. Мавзуна мегӯяд, боксро худ интихоб кардааст ва аз роҳаш намегардад.