Атахон Сайфуллоев ва Мирзо Файзалӣ ҷоизаи Рӯдакиро гирифтанд
Атахон Сайфуллоев, доктори улуми филологӣ, ки дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон кор мекард, бо қарори ҳукумати кишвар барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гаштааст. Ин ҷоизаро барои рисолаи “Уфуқҳои тозаи наср” ба Сайфуллоев додаанд.
Инчунин, ҷоизаи Рӯдакӣ дар бахши адабиётро Мирзо Файзалӣ - шоири халқии Тоҷикистон барои маҷмӯаи ашъори “Гулхори чида-чида” дарёфт намудааст. Рустам Муқимов дар бахши меъморӣ барои “Энциклопедия памятников арийской культуры Центральной Азии. Таджикистан” (Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон) барандаи ин ҷоиза гардидааст.