Тасмими навбатии Русия ҷиҳати манъи содироти бензини баландсифаташ ба Тоҷикистон, метавонад дар рӯзҳои наздик нарху наворо дар бозорҳои Тоҷикистон ба маротиб афзоиш диҳад.
Ҳукумати Русия содироти бензини навъҳои баландсифати тамғаи АИ 92 ва АИ 95-ро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Ба иттилои ширкати « Газпромнефт-Тоҷикистон», Русия ин тасмимро бо далели оғози мавсими ҳосилғундорӣ роҳандозӣ намудааст. Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, феълан дар бозори дохилии Русия бензин камчин шудааст ва бинобар ин, Русия на танҳо ба Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳо низ содироти бензини навъи баландсифаташро манъ намудааст. Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар, ин тасмими Русияро ангезаи сиёсӣ унвон мекунанд. Ба қавли ин гурӯҳи таҳлилгарон, ҷониби Русия маҳз аз чунин имкониятҳояш истифода бурда, мехоҳад мавқеашро дар бахши сиёсат ва иқтисодиёти Тоҷикистон устувор намояд.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз соҳибназарон ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, сабаби афзоиши нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон, маҳз ба ба манъи содироти бензини Русия рабт дорад. Ба андешаи коршиносон, агар ин тасмим аз ҷониби Русия бекор карда нашавад,дар рӯзҳои наздик нарху наво дар бозорҳои ватанӣ боз ба маротиб афзоиш меёбад. Бояд зикр намоем, ки Русия аз оғози моҳи майи соли гузашта бо далели аъзо набудан дар Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 203 доллар сари як тона сӯзишворӣ, боҷи содиротӣ ҷорӣ карда буд, ки ин нишондод дар натиҷаи пай дар пай афзоиш ёфтан, ахиран барои як тонна сӯзишвории содиротии Русия 399 доллар муайян гардид.{jathumbnail off}