Бозии тимҳои Тоҷикистон Малайзияро Александр Гаузер доварӣ мекунад
Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзияро дар рӯзи 8 август Александр Гаузер аз Петропавловски Қазоқистон доварӣ хоҳад кард.
Қаблан, эълон шуда буд, ки довари асосии ин бозӣ Александр Алиев аз Алмаато аст. Департаменти доварони Федератсияи футболи Қазоқистон далели ин тағйиротро ҷароҳат бардоштани Алиев гуфтааст.Насрулло Кабиров аз Нораки Тоҷикистон довари эҳтиётӣ хоҳад буд. Комисари бозӣ Давлатманд Исломов аст.
Дидори дӯстонаи Тоҷикистону Малайзия соати 18:00-и 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе оғоз мешавад. Арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ аст.