Қарори Убайдуллоев дар бораи вохӯрӣ бо ташхисгарони Роғун дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарореро дар бораи вохӯрии мушовири ширкати “Пойри Энерҷӣ” бо намояндагони ҷомеаи шаҳри Душанбе, содир кардааст. Коршиносони ин ширкат зери сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ ба ташхиси фаннӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитии Роғун машғул буда, суҳбати мушовираш бо ҷомеаи Душанбе низ дар бораи таъсири экологӣ ва иҷтимоии ин тарҳи азими энергетикӣ хоҳад буд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ин қарорро дар пайи муроҷиати гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 1 августи бароварда, афзудааст, ин мулоқот 16 август дар пойтахт доир хоҳад шуд. Номбурда иброз доштааст, муовинаш Мансуров Ҷ, ва Улмасов Ф, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони дигар сохторҳо иҷрои саривақтии ин чорабиниро таъмин сохта, иҷрои онро назаорат намоянд.
“Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷӯрахонов С. Қ.) бехатарии баргузории вохӯриро ба роҳ монанд”,-зикр шудааст дар қарор.