Таронаи тоҷикии Ҷӯрабек Муродов дар маҳфили падари Энрики Иглессиас
Ҷои хабари “ҳоҷибибӣ” шудани Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро ҳоло бо даъвати Ҳулио Иглессиас (падари Энрики Иглессиас) ба Испания рафтани Ҷӯрабек Муродов гирифтааст.
Бино ба иттилои наздикони ин хонандаи номдори тоҷик, ӯ 31 июл ба шаҳри Малага сафар кард. Аммо танҳо не, ҳамроҳи ҳамсараш Мушаррафа. Ба қавли Ҷонибек, писари ҷаноби Муродов, падараш ҳанӯз се сол пеш бо Ҳулио Иглессиас ошно шудааст. Ин шиносоӣ дар Ню-Йорки Амрико дар манзили дӯстонашон иттифоқ афтодааст.
Ҷӯрабеку завҷааш дар шабнишиние, ки Иглессиас оростааст, ширкат кардаанд ва вай бо забони тоҷикӣ тарона хондааст. Дар интернет аллакай чанд акс аз ин шабнишинӣ нашр шудааст. Дар яке аз онҳо Ҷӯрабек бо Ҳулио дида мешаванд.
Ҷӯрабек Муродов аз чеҳраҳои шинохтаи санъати сарояндагии тоҷик аст. Таронаҳои мардумӣ мехонад. Дар иҷро кардани шашмақом ҳам истеъдод дорад. Дар эстрада ҳам худро санҷидааст. Чунин таронаҳоро аслан бо писараш-Ҷонибек иҷро мекунад. Теъдоди сурудҳои муштараки онҳо аз панҷто зиёданд, аз ҷумла таронаи маъруфаш – “Зулайхо”-ро ҳамроҳ хондаанд.
Дар кишварҳои хориҷ ҳам зиёд эҳтиромаш мекунанд. Даъвати Ҳулио Иглессиас далели ин гуфтаҳост. Ду сол қабл дар Душанбе аз 70-солагии зодрӯзаш таҷлил кард ва он ситораборон шуд. Чеҳраҳои шинохтаи Русия, бо шумули Иосиф Кобзон ба табрики ӯ омаданд.
Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнии вилояти Суғд (Ленинободи собиқ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактбаи миёна ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод шомил шуда, соли 1962 соҳиби дипломи олӣ гардидааст. Соли 1963 фаъолияти эҷодиашро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, дар жанри классикӣ суруду оҳанг эҷод менамояд. Соли 1979 ба гирифтани унвони баланд-Ҳунарпешаи мардумии СССР шарфёб гардида, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд роҳбарии ансамбли шашмақомхонони вилояти Суғдро ба ӯҳда дорад.
Эҷодиёти Ҷӯрабекро таронаҳо бо забони афғонӣ, арабӣ, русӣ, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, қирғизӣ ва ҳато ҷопонӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди таронаҳои Ҷӯрабек Муродов кайҳост, ки марзи 1000-ро гузаштааст. Соли 1975 бо мукофоти комсомолии ленинии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Шӯравӣ (1974), ҳунарманди мардумии СССР (1974) мебошад. Вай шаҳрванди ифтихории шаҳрҳои Самарқанд (1980), Бухоро (1980) ва Нурато (1982) мебошад. Соли 1987 ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҳамон сол 1987 ҷоизадори нишони тиллои Анҷумани мусиқии Ҷопон шуд.
Вай дар ҳайати гурӯҳҳои консертии мухталиф ба кишварҳои мухталифи дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Барои мисол Афғонистон (солҳои 1966, 1979, 1982), Канада (1967), Булғористон (1968), Белгия (1969), Эрон (1972, 1996), Ҳиндустон (1976, 1985), Покистон (1976, 1985), Сурия (1977), Ироқ (1977), Австрия (1975, 1990, 1993), Ливан (1973), Италия, Малта, Кипр, Миср (1973), Ҷопон (1982, 1987), Тайланд (1986), ИМА (1989, 1991, 1993, 1995), Исроил (1993), Туркия (1995), Аморати муттаҳидаи Араб (1997) ва ғайра.
3 декабри соли 2011 дар маросими тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awardsи Амрико Ҷӯрабек Муродов “Чеҳраи мондагор” эътироф гардид.
Ширкати “JM” ба хотири 70 солагии мавлуд ва 50 солагии фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродов сомонаи расмии ӯро роҳандозӣ кард. Ин торнамо аз ҳафт бахш- асосӣ, хизматрасонӣ, галерея, дар бораи мо, иртибот, шашмақом ва Фонди Ҷӯрабек Муродов иборат буда, дар он аксу видеоҳое ҷойгиранд, ки дар солҳои мухталиф гирифта шудаанд. Торнамои Ҷӯрабек Муродов бо забонҳои русӣ ва англисӣ фаъол буда, бахши забони тоҷикии он дар коркард будааст.