Падари Тошев мегӯяд, баъд аз 7 моҳ иҷоза додаанд, писарашро бубинад
Бадриддин Тошев, падари маҳбус – Садриддин Тошев мегӯяд, мақомот танҳо баъд аз 7 моҳи муроҷиати батакрор иҷозаи вохӯрӣ бо писрашро додаанд. Падари ин маҳбуси тоҷик рӯзи 6 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси ваъдаи мақомот рӯзи шанбе – 9 август бо Садриддин Тошев мулоқот хоҳад кард.
Ӯ мегӯяд, бори охир фарзандашро ҳафт моҳи қабл дида буду то ҳол ба муроҷиатҳои худ аз сӯи мақомот ҷавоби рад мегирифт. Падари Тошев аз нашри баъзе наворҳои видеои марбут ба писараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози нигаронӣ карда, афзуд, “ҳамин корҳо чӣ лозим? Як бор аз пушти ҳамин видеоҳо 7 соли дигар маҳкум ба зиндон шуд, барои ман сиёсату сиёсатбозӣ чӣ лозим. Қорӣ ҳам бошад, ҳамин хел бача аст.”
Садриддин Тошев, ки дар марги Ҳамза Икромзода яке аз шоҳидони аслӣ ба шумор мерафт, ҳамроҳ бо Суннатуло Ризоев, маҳбуси дигари тоҷик барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоӣ дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд айбдор шуда, мутаносибан 7 ва 9 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи бекор шудани ин ҳукм аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва фиристодани парвандаи ӯ барои баррасии дигарбора мулоқоти Тошев бо рӯзаноманигорон дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Садриддин Тошев дар суҳбат бо рӯзноманигорон тамоми наворҳои пахшшуда дар бораи вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро сохтакорӣ хонда, гуфт, ин ҳама дар асоси нақшаи як гуруҳи манфиатдор сурат гирифта буд. Тошев гуфт, ӯро касе барои гуфтани ин суханҳо маҷбур накардаасту танҳо мехоҳад ба озодӣ барояд: “Маро касе маҷбур накардааст, 14 сол мешавад, инҷоям, безор шудаам, мехоҳам ба назди зану фарзандам баргардам.”
Ёдрас менамоем, Садриддин Тошев, муллақаб ба “Қорӣ”, қаблан ба ҷурми гаравгонгирӣ, терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев, собиқ фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Баъдан, додгоҳи шаҳри Хуҷанд ӯро барои паҳн кардани ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён иловатан ба 7 соли маҳбас маҳкум какрд.