Видеои Қорӣ Садриддин дар маҳбас: Ҳақиқат ё “эътироф”?
Садриддин Тошев, маҳбуси тоҷик, ки яке аз шоҳидони аслии марги Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, муаррифӣ мешуд, дар як навори видеоӣ баромад карда, гуфтааст, “Икромзода худкушӣ кардааст, касе ӯро ба қатл нарасондааст”. Ин видео рӯзи шашуми август тавассути як корбари Фейсбук бо номи “Муҳоҷири ғариб” нашр шуда, маълум нест, ин видео кай ва дар кадом ҳолат сабт шудааст.
Тошев дар ин навор мегӯяд, “бархе аз гуруҳҳои манфиатдор вуҷуд дораду дар қазияи худкушии Ҳамза Икромзода иғво андохтанду моро низ ба ин қазия дастандаркор гардониданд.” Ин маҳбуси тоҷик, ки ба номи Қорӣ маъруф асту ҳоло дар зиндони рақами 2-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад, ҳангоми суханрониаш пеш аз ҳама аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои бекор кардани ҳукми қатлаш сипосгузорӣ намуда, иқрор мешавад, гӯиё ӯ аз нодонӣ ба ҷиноятҳои вазнин то кунун даст зада буд.
Тошев дар навор таъкид мекунад, ба роҳи хато рафтаасту бо роҳнамоии бархе аз афроди манфиатдор ин корҳоро, аз ҷумла шоҳидӣ додан дар марги Ҳамза Икромзода ва пахши иттилоъ оид ба шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро анҷом додааст. Ӯ дар ин ҳама бародари Икромзода – Амиралӣ ва Маҳмурод Одинаев – падари Суннатулло Ризоевро гунаҳкор хонда, мегӯяд, бо дастури онҳо даст ба пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа задааст: “Гумроҳ шуда ба гапи ин афрод даромадем, набошад барои ба озодӣ баромадан муҳлати каме монда буд.”
Ин суханронӣ ва иқрори Тошев дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон чанд рӯзи қабл қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи ӯ ва Ризоевро, ки ба хотири пахши иттилои бардурӯғ мутаносибан ба муҳлати 7 ва 9 сол дубора равонаи зиндон шуда буданд, бекор кард ва парвандарои барои баррасӣ фиристод. Додгоҳи олӣ ба хулоса омадааст, ки ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва қарори додгоҳи вилояти Суғд дар мавриди ин ду маҳбус ғайриқонунӣ буда, нисбат ба онҳо қонуни ҷиноӣ нодуруст татбиқ гардидааст.
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки дар марги Ҳамза Икромзода яке аз шоҳидони аслӣ ба шумор мерафтанд, барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоӣ дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд айбдор шуданд. Ин ду нафар ҳамроҳи як гуруҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами яки Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Баъд аз ин навори видеоие дастраси расонаҳо шуд, ки дар он ин гуруҳи маҳбусон аз шиканҷа дар зиндонҳо шикоят кардаву захмҳои бадани худро намиш медиҳанд. Мақомот ин видеоро сохта дониста, Тошев ва Ризоевро барои паҳни гӯиё иттилои бардурӯғ дар бораи шиканҷаи зиндониён ба додгоҳ кашиданд.
Ёдрас менамоем, Садриддин Тошев, муллақаб ба “Қорӣ”, қаблан ба ҷурми гаравгонгирӣ, терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев, собиқ фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.