Даҳ рӯзи ҷавонони пойтахт дар Душанбе
Бо қарори ҳукумати шаҳр шурӯъ аз 14-уми май то 23-юми май дар Душанбе «Даҳ рӯзи ҷавонони шаҳр» баргузор мегардад.
Бино ба қавли сухангӯи ҳукумати пойтахт, Шавкат Саидов ин тасмим аз сӯи шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сар гирифта шуда, ҳадаф аз ин чорабинӣ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт аст. Зимнан, дар доираи ин чорабиниҳо доир гардидани як қатор маҳфилҳои фарҳангиву варзишӣ аз қабили мулоқоту вохӯриҳо, озмуни иншои беҳтарин, мавоҳои тарғиботӣ, барномаҳои телевизионӣ, рӯзи дави миллӣ дар назар аст.