Раҳмон соҳиби камарбанди сиёҳи Таэквандо (ITF) гардид
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо камарбанди сиёҳи 9-ум дан сарфароз гардидааст. Ин камарбандро Чанг Унг, президенти Федератсияи байналмилалии Таэквондо (ITF), ҳамроҳ бо сертифакат ва кемано ба оқои Раҳмон супоридааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маросими тақдими ин ҷоиза рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чанг Унг дар Душанбе сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, камарбанди сиёҳи 9-ум дан дар низоми Таэквондо аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, Чанг Унг дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор додааст. Ҳоло дар Тоҷикистон сабқати ҷаҳонӣ оид ба Таэквандо идома дорад.