Абдураҳмон Қодирӣ хоки Камоли Хуҷандиро аз Табрез меорад
Ҳукумати вилояти Суғд бар раҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ тасмим гирифтааст, хоки Камоли Хуҷандӣ – шоири шинохтаи қарни 14-ро аз оромгоҳаш, воқеъ дар шаҳри Табрези Эрон, ба Хуҷанд биёрад. Масъули дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, маркази Суғд, мегӯяд, дар ин замина бо мақомоти шаҳри Табрез алакай ба мувофиқа расидаанд.
Ба қавли мусоҳиби мо, хоки Камол дар Боғи ӯ, ки дар паҳлӯи Осорхонаи вилоятӣ дар ҳоли бунёдшавист, гузошта хоҳад шуд. “Ин боғ аз ҳисоби буҷаи вилоят пурра таъмиру таҷдид гашта, тарҳи меъморӣ ва ороиши он ба эрониён мутааллиқ аст”,-гуфт масъули дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.
Камоли Хуҷандӣ яке аз шоирони шинохтаи форс-тоҷик дар қарни 14-уми милодист, ки аз маркази Суғди ҳозира ба Табрези Эрон рафта, дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. То кунун танҳо як муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, баъзе аз кӯчаву хиёбонҳо ва мактабҳои Тоҷикистон низ ба исми ин шоири шинохта номгузорӣ шудааст.