Таъмини 17 мактаби шаҳри Хуҷанд бо “дегхона”
Дар 17 мактаби миёнаи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дегхонаҳои гармидиҳандаи алоҳида барои мавсими тирамоҳу зимистон насб карда шудааст.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд хабар доданд, ин марказҳои гармидиҳии алоҳида аз ҳисоби буҷаи маъмурияти шаҳр ва ҳамчунин, бо дастгирии кумитаи волидайну сарпарастон гузошта шудааст.
“Дар назар аст, то охири соли равон ин гуна дегхонаҳои гармидиҳанда дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд насб карда шавад”,-афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, алъон дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, 47 макотиби мухталиф фаъолият доранд.