Раиси ҷумҳур бо амниятиҳо сӯҳбати рӯ ба рӯ мекунад?
Бар асоси иттилое, ки дастраси мо шуд, рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии кишвар суҳбати рӯ ба рӯ анҷом хоҳад дод. Манбаи мо мегӯяд, дар ин мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла кори амниятиҳо дар самти пешгириву ошкор сохтани ҷиноятҳо баррасӣ мегардад.
Мусоҳиби мо афзуд, ҳудуди як моҳ боз дар кумита барои ин мулоқот бо раиси ҷумҳур омодагӣ мебинанд. Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз чунин як вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои кишвар изҳори бехабарӣ кард.
Аз ин пештар, 10 июли соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Досдитонии кулли Тоҷикистон иштироку суханронӣ карда, дар баробари пешрафтҳо аз камбуди онҳо низ сухан гуфт. Оқои Раҳмон аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард ва гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.
Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд.