Баъзе аз мардуми Норвегиядар қиболи пешниҳоди Рейдар Херман, ваколатдори ҳуқуқи атфол, дар бораи боло бурдани сини хатнаи наврасон изҳори норизоият мекунанд.
Рейдер Херман гуфтааст, наврасонро то расидан ба синни 16 солагӣ набояд хатна кард, ба онҳо ҳақи интихобро бояд дод, зеро онҳо то ин муддат нерӯи мустақилона муайян кардани гаравиш ба мазҳаб ва масоили вобаста ба саломатиашонро надоранд.
Ҳомии атфол иқрор кардааст, ки чунин пешниҳоди ӯ аз сӯи ҷомеа вокуниши ҷиддиро ба бор овардааст, аммо ба ақидаи ӯ худи наврасон ин пешниҳодро гӯё гарм истиқбол кардаанд.
Аввалин шуда, ба ин пешниҳод ҷомеаи яҳудиёни Норвегия эътироз кардааст. Бино ба мазҳаби яҳудиён наврасонро дар 8 рӯзи аввали баъди таваллуд бояд ба таври ҳатмӣ хатна кард.{jathumbnail off}