Саргардонии мусофирон аз таъхири 6-соатии ҳавопаймои Тоҷик Эйр
Масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” то ҳол далели таъхири шашсоатаи ҳавопаймояшон (рақами 627) барои бурдани мусофирон аз Душанбе ба Маскавро шарҳ надоданд. Беш аз 200 нафар, ки шоми 5 августи соли ҷорӣ қасди сафар ба Маскавро доштанд ва парвозашон бояд тариқи ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” сурат мегирифт, то омадани ҳавопаймо шаш соат интизор мондаанд.
Абдулвоҳиди Зевар, яке аз наздикони мусофирон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар асоси нақша парвози рақами 627 бояд соати 7-и шом анҷом мешуд, аммо баъд аз интизориҳои зиёд соати 1:26-и шашуми август сурат гирифтааст. Номбурда мегӯяд, беш аз 6 соат мусофирон дар фурудгоҳ мондаанд ва танҳо баъд аз овардани як ҳавопаймо аз Суғд ин мушкил ҳал шудааст.
“Соати 17 бақайдгирӣ оғоз ёфт. Вақте соати 19 парвоз нашуд, аз масъулон сабаб пурсидем, гуфтанд, соати 20 мешавад. Ҳамин хел то саоти 1:26-и шашуми август мунтазир шудем. Баъдан гуфтанд, гӯиё ҳавопаймо вайрон шудааст. Аз Суғд як ҳавопаймои дигар омада мусофиронро бурд”,-нақл кард оқои Зевар.
Ин бори аввал нест, ки парвози ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” бидуни шарҳу пеш овардани далеле ба таъхир меуфтад. Дар гузашта низ бархе аз мусофирон аз чунин бархӯрди масъулони ширкат изҳори нигаронӣ карда, барои тағйири шеваи корашон даъват намуда буданд. Вале ҳодисаи ахир дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки раҳбари Тоҷик Эйр нав шуда, ин ширкат шаш ҳавопаймои куҳнаи худро ба қимати аз 250 ҳазор то 1,5 миллион сомонӣ ба фурӯш хоҳад баровард.