Номаи Раҳматилло Зоиров ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Қудратов
Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов, бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода – додситони кул аз зиёдаравии раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар шикоят карда, хостори кумак шудааст. Ин ҳомии ҳуқуқ аз раиси ҷумҳур ва додситони кул хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ қарор диҳанд.
Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи Қудратов ба қонуншиканиҳо роҳ дода, зиёдаравӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, раиси Оҷонсӣ дар нишасти хабарии 30 июли ниҳоди зертобеаш ҳангоми суҳбат дар бораи зерҳимояи ӯ ба қонуншиканӣ роҳ дода, меъёрҳои конситутсионӣ, аз ҷумла талаботи моддаи 15-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимолияти бегуноҳиро зери соул бурдааст. “Касе ҳақ надорад, пеш аз ҳукми додгоҳ касеро гунаҳкор эълон кунад ё донад”,-гуфт Зоиров.
Раҳматилло Зоиров инчунин аз поймол шудани ҳуқуқи зерҳимояи худ дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотӣ нигаронӣ карда, мегӯяд, “нисбат ба Қудратов амалҳои маҳдудкунии ҳуқуқӣ дида мешавад. Аз ҷумла, ҳуҷрае, ки дар он ӯ нигаҳдорӣ мешавад, зери назорати пурзур қарор дорад. Инчунин муфаттиш аз додани иҷозатнома барои вохурӣ бо Шуҳрат Қудратов бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ мекунад.”
Зоиров бар ин аст, ки баъд аз баргузории нишасти хабарии Оҷонси зидди фасоди молии кишвар, ки Шуҳрат Қудратов аз сӯи ин ниҳод боздошт шудааст, раванди тафтишоти парвандаи зерҳимояи ӯ куллан тағйир ёфтааст. Ӯ мегӯяд, “се рӯз мешавад, кормандони раёсати тафтишот барои вохӯрӣ накардан бо вакилони мудофеъ ё иҷро накардани дархостҳои онҳо маҳалли ҷойи кории худро тарк кардаанду аз рӯзи 1 августи соли ҷорӣ то имрӯз натавонистем, эшонро пайдо кунем. Бар иловаи ин, ҳатто имрӯз 5 август наздикони Шуҳрат Қудратов натавонистанд, ба ӯ хӯрок расонанд, чун гӯиё бо “дастури боло” ин кор манъ карда шудааст.”