Комёб Ҷалилов: “Академики узбак одами он қадар ҳушёр нест...”
Комёб Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, талаби академики узбак Рустам Абдуллоев дар бораи бомбаборон кардани маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Тошкандро беасос ва амалинашаванда хонд. Ӯ гуфт, Абдуллоев то кунун дар робита ба Роғуну Тоҷикистон чандин баёнияҳо додааст, ки ҳазёне беш нестанд.
“Ман бори чандум аст, ки андешаҳои ин академикро дар ин маврид мехонам. Онҳо ҳеч асосе надоранд. Фикр мекунам, ӯ ҳарчанд иқтисодчӣ ҳам бошад, он қадар одами ҳушёр нест”,-гуфт Ҷалилов. Мусоҳиби мо дар идома афзуд, “тибқи қонунҳои Тоҷикистону Узбакистон ва, умуман қонунҳои байналмилалӣ, ӯро барои чунин гуфтаҳояш бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Чунин гуфтаҳои ӯ ҷиноят аст”.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон дониста мешавад, дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якеашон 600 МВтӣ ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозигии Узбакистон мебошад, тибқи лоиҳаи нерӯгоҳ бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.
Интизор меравад, ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад. Аммо Узбакистон борҳо зидди сохтмони ин нерӯгоҳ изҳорот дода, бунёди онро бар зарари кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ донистааст. Тошканд бовар дорад, Душанбе бо бунёди Роғун оби минтақаро таҳти контрол гирифта, дар сурати зарурӣ аз он ба унвони фишанг истифода хоҳад кард. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистон онро борҳо рад карда, ҳатто маҷбур шуд, таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ паҳлӯҳои техникӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии онро ташхис кунад. Ҳоло коршиносон ташхиси худро ба поён бурда, хулосаи ибтидоияшонро эълон карданд, ки ба манфиати Тоҷикистон аст ва ин даъвати Рустам Абдуллоев, академики узбак, ҳам маҳз баъд аз ҳимояти коршиносон ва баъзе кишварҳои минтақа аз тарҳи Роғун садо медиҳад.