Мақоми 74-уми Тоҷикистон аз рӯи суръати Интернет
Тоҷикистон аз рӯи суръати интернеташ дар миёни 193 кишвари ҷаҳон дар мақоми 74-ум, як зина пештар аз Беларус, ҷо гирифтааст. Дар ин раддабандӣ, ки аз сӯи ширкати “Ookla” анҷом шудааст, Узбакистони ҳамсояи Тоҷикистон бо касби зинаи 174-ум дар саффи кишварҳои интернеташон бисёр заиф, мисли Судон, мебошад.
Кишварҳои дигари Шӯравӣ, аз ҷумла Эстония дар ҷойи 31-ум, Русия 35-ум, Украина 36-ум, Арманистон 54-ум ва Қазоқистон 57-ум қарор гирифтаанд.
“Шохиси ҷаҳонии интернет” аз ҷониби ширкати “Ооkla”, ки суръати интернетро дар ҷаҳон озмоиш мекунад ва муаллифи торнамои Speedtest.net низ мебошад, таҳия шудааст. Ин шохис дар асоси 5 миллион озмоиши рӯзмарра ва иттилооте, ки аз 350 миллион корбар ба даст омадааст, омода шудааст.