Таъини сардори нави Раёсати умури дохилӣ дар маркази Бадахшон
Қиёмиддин Низомиддинов сардори нави Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, таъин шуда, дар ин мақом Бахтдавлат Бахтдавлатовро иваз намудааст. Оқои Бахтдавлатов ба далели ба кори дигар гузаштанаш аз ин мақом озод гардидааст.
Фармони ба мақоми нав таъин шудани Низомиддиновро ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният Шералӣ Хайруллоев, ки дар Хоруғ қарор дорад, хондааст. Ӯ дар ҷаласае, ки бо ҳузури кормандони мақомоти умури дохилӣ дар маркази Бадахшон баргузор гардид, аз онҳо хостааст, ба халқу Ватани худ софдилона хизмат кунанд ва ҳаргиз пеши афроди ҷиноятпеша сар хам нанамоянд.
Қиёмиддин Низомиддинов, ки ҳоло ба курсии сардори Раёсати умури дохилӣ дар Хоруғ нишаст, то ин дам ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон кор мекард. Аз ин пештар, генерал Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, муваққатӣ сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъин гардид. Навҷувонов аз соли 1991 ба ин сӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад ва ӯ қаблан ҳам дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ба ҳайси сардор ва Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ фаъолият доштааст.
Файзулло Нозимов, сардори собиқи Раёсати умури дохилии Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ барканор гардид. Аз мақом дур шудани ӯ дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу Бадахшон яке аз талабҳои эътирозгарон буд.