АКС: Андалеб-2014. 118,5 имтиёзи Файзобод дар даври дуюм
Даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- “Андалеб-2014” дар Филармони давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев бо ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Файзобод шурӯъ гардид.
Қабл аз оғози қисмати озмунӣ маҳсули корҳои дастии сокинони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳайати ҳакамон, ки аз шаш нафар иборат аст ба ҳунари тими Файзобод дар маҷмӯъ 118,5 имтиёз гузошт.
Ба даври дуюми фестивал-озмун 14 шаҳру ноҳия роҳ ёфтаанд. Даври аввали “Андалеб-2014” аз якуми марти соли равон оғоз гардид. Фестивал-озмуни имсола ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. “Андалеб” аз соли 1996 ба ин сӯ дар Тоҷикистон гузаронда мешавад.