Писари Шабдолов: “Падарам планшет дорад, вале дар Фейсбук нест”
Анис Шабдолов, писари Шодӣ Шабдолов – раиси Ҳизби коммунист ва узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд падараш планшет дораду тавассути он хабарҳоро пайгирӣ мекунад, аммо ҳанӯз расман дар Фейсбук нест. Ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳоле гуфт, ки тайи чанд рӯзи охир саҳифае бо номи Шодӣ Шабдолов боз шуда, ҳуддуи 200 дӯст дорад ва аз рӯзноманигорон хоҳиш мекунад, то дар бораи он хабаре интишор намоянд.
Анис аз суистифода шудани номи падараш дар шабакаи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳаводорони Шодӣ Шабдолов хост, ба навишта ва суолу ҷавоби саҳифаи дурӯғини падараш дар Фейсбук бовар накунанд. Ӯ гуфт, ҳоло ба далели таътил будани кори парлумон Шабдолов ҳамроҳи писари бузургаш дар Маскав қарор дорад ва зоҳиран аз чунин ранг гирифтани кор огоҳ нест.
Писари раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки аз саҳифаи Шодӣ Шабдолов бародари дигари ӯ бо номи Давлаталӣ ба хабарнигорон, аз ҷумла кормандони “Озодагон” паём менависад ва мегӯяд, “ҳоло дар Маскав ҳастем ва падарам дар паҳлӯям ҳаст” гуфт: “Давлаталӣ айни ҳол дар Пекин қарор дорад ва ӯ ба ҳеч ваҷҳ, бидуни иҷозаи падарам, ба ин кор даст намезанад. Ман бо падар ва бародари бузургам, ки феълан дар Маскав ба сар мебаранд, дар тамос шудам ва онҳо ин хабарро аз ман шуниданд”,-афзуд ӯ.