Раҳим Масов: “Ҷонибдори мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ ҳастам”
Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум, мегӯяд, тарафдори статус ё мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад. “Шахсан ҷонибдори додани сатуси давлатӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистонам ва аз он ҳимоят мекунам”,-изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо торнамои русзабони “Евразийское развитие”.
Масов дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар ниҳоди зертобеи ӯ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст, чун ба гуфтаи Масов, забони русӣ забони мубодилаи илмӣ дар кишварҳои пасошӯравист. “Бо тавсияи мо Шӯрои дисертатсионии ҳимояи доктории Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон тавонист, ба ғайр аз забони англисӣ забони русиро ҳам ворид созад”,-илова кардааст ӯ.
Раиси ин пажӯҳишгоҳи Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳоло дар кишвар забони русӣ паҳну барои рушду пешрафти он талошҳо бояд анҷом дод: “Агар дар зовия қарор гирифтани забони русӣ ба мисли 20 соли охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад, пас дар ин ҳолат фосилаи фарҳангӣ зиёд хоҳад шуд. Барои муваффақ шудан дар рушду пешрафти забони русӣ мавқеи ҷиддии Русия дар робита лозим аст. Маскав набояд аз дастгирӣ ва сармоягузорӣ дар мавриди рушду пешрафти ин забон ҳарос дошта бошад. Чун аз ҳама роҳи таъсирноку умедбахш ин сармоягузорӣ мебошад.”
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар рушду пешрафти тамаддуни АвруОсиё ва тақвият бахшидани равобити мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ нақши калидӣ бозидаасту мебозад. “Нақши муҳимро дар рушди тамаддуни Шӯравӣ забонӣ русӣ дошт”,-афзудааст Масов.