Кордзанӣ дар Хоруғ; ҳалокати Фирдавсу захмӣ шудани Гуласар
Рахул Рустамбекови 24-сола, сокини шаҳри Хоруғ, барои қасдан расондани зарари ҷисмонӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии кишвар бо нашри иттилоияе гуфт, Рахул рӯзи 2 август дар кӯчаи Айёмбекови маркази Бадахшон бо Фирдавс Амиршоев ва Гуласар Азимшоев (соли таваллудашон 1995) даст ба гиребон шуда, бо зарби корд якеро ҳалок ва дигареро маҷруҳ кардааст.
“Рустамбеков бо корд 1 бор ба тарафи чапи гардани Фирдавс Амиршоев ва 1 бори дигар ба қабурғаҳои Гуласар Азимшоев задааст. Дар натиҷа Амиршоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидааст. Азимшоев зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарист”,-омадааст дар иттилоия.
Ба қавли манобеи пулиси Тоҷикистон, ҳоло Рахул Рустамбеков боздошт шуда, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.