Куштор дар Ёвону Панҷакент баъд аз... нӯшидани шароб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи охир шароб боиси марги ду сокини кишвар гардидааст, ки дар пайи муноқишаҳои байниҳамдигарӣ дар ҳолати мастӣ ҷон додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, Отабек Қаҳҳоров, сокини 31-солаи ноҳияи Панҷакент, рӯзи 2 августи соли ҷорӣ аз сӯи меҳмон ва ҳамдеҳаи худ- Муродулло Қаршибоеви 41-сола, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, кушта мешавад. Манбаъ мегӯяд, Қаршибоев баъд аз нӯшидани нушокии спиртӣ бо соҳибхона ҷангу ҷидол карда, тавассути шишаи арақ чанд бор ба узвҳои бадани ӯ мезанад, ки дар натиҷа Қаҳҳоров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи шоми 2 августи соли ҷорӣ миёни Зафар Ҳақназарови 31-сола ва Илҳом Сафарови 36-сола, ки ҳар ду сокини ноҳияи Ёвон мебошанду дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша ба миён меояд. Ба қавли масъулини ВУД-и кишвар, дар натиҷаи ҷангу ҷидол дасти Ҳақназаров ба ноқили барқӣ, ки дар назди канали обгузар васл шудааст, мерасаду аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат мерасад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ВУД аз кушта шудани афроди як оила дар маркази шаҳри Душанбе бар асари муноқишаҳо дар бораи нӯшокиҳои спиртӣ хабар дода буд. Ин ниҳод дар шарҳи ин қазия гуфта буд, ин ҳодиса шоми 14 ба 15-уми март дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур маркази шаҳри Душанбе бар асари як муноқиша байни Ашӯр Акобиров ва як гуруҳ, ки ба хонааш омадаанд, сар задааст: “Дар пайи муноқиша ин гуруҳ соҳибхона Акобировро бо ҳамсараш кушта, баъдан хонаашро оташ мезананд. Дар натиҷаи сухтор духтари 7 солааш, ки хоб будааст, фавтидааст.”
Манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки кушташуда дар Душанбе ба фурӯши оби ҷав машғул будааст. Ӯ афзуд, феълан ба иттиҳоми куштори ин хонавода ду шаҳрванди рустабори Тоҷикистон боздошт шудаанд.