Шӯҳрат Қудратов 6 моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи тоҷикро, шаш моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард. Ин қарори додгоҳ дар робита ба садамае содир гардид, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ бо иштироки Қудратов ва Шукурова, як сокини пойтахт, иттифоқ уфтода буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли ҷорӣ бо нашри баёнияе гуфта буд, Қудратов дар пайи бархӯрдани мошинаш ба ҷои ҷуброни зарар муносибати дағалона карда, “аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”. “Шӯҳрат Қудратов рӯзи 27 феврал ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-180” дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи “КИА”, ки ба Шукурова Н.М. ва “Опел”, ки ба Холматов Б. тааллуқ доранд, бархӯрдааст ва зарари молии соҳибмулконро ҷуброн накарда, онҳоро таҳқир намудааст. Ӯ бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашинаашро пинҳонӣ ба таъмир додааст”,-гуфта шудааст дар баёния.
Аммо Шӯҳрат Қудратов он замон дар суҳбат бо "Озодагон" иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ғаразомез хонда, гуфта буд, “воқеан ҳам рӯзи 27 феврал бо иштироки ӯ садамаи нақлиётӣ бо ду мошини дигар- “Опел” ва автомашинаи “КИА” рух додааст ва дар бархӯрд бо “Опел” худро гунаҳкор меҳисобад”. Қудратов афзуд, ҷуброни зарари расонидаашро ба “Опел” ба дӯш гирифта ва соҳиби ин автомашина низ ҳеч гуна даъво нисбаташ надошт: “Дар макони ҳодиса зиёда аз 20 дақиқа истодем. Касе аз онҳо ба БДА занг назаданд ва гуфтанд, ки даъво надоранд. Ин, ки вазорат гуфтааст, ман дағалона рафтор кардаам нодурст аст. Ягон хел рафтори дағалона он ҷо набуд”.
Аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудани Шӯҳрат Қудратов дар ҳолест, ки ӯ аз сӯи маъмурони Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба гумони пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳо боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки онро Додгоҳи Душанбе низ тасдиқ кард, дар боздоштгоҳи муваққаитӣ қарор дорад.