Оғози санҷиши шуъбаи Ҳаҷҷи Кумитаи дин аз сӯи додситонӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши фаъолияти шуъбаи равобити байналмилалӣ ва Ҳаҷҷи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишварро оғоз кардааст. Ҳоло раёсати ин шуъбаро Абдуҷалол Ализода, ки қаблан ба ҳайси раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият дошт, бар уҳда дорад.
Афшини Муқим, сухангӯи раиси Кумитаи, дин ин хабарро тасдиқ кард, аммо онро як иқдоми маъмулии Додситонии кулли кишвар номид. Мусоҳиби мо гуфт, ҳар сол дар баробари дигар ниҳодҳои давлатӣ Кумитаи дин низ мавриди тафтиш қарор мегирад, ки ҷои тааҷҷубу воҳима надорад. “Албатта, дар баробари дигар ниҳодҳо кумита низ тафтиш мешаваду ҳар сол дар арафаи мавсими ҳаҷ ин гуна тафтишот гузаронида мешавад”,-афзуд ӯ.
Тафтиши Шуъбаи равобити байналмилалӣ ва Ҳаҷҷи Кумитаи дин аз сӯи Додситонии кулли кишвар дар ҳолест, ки ин ниҳод аз болоравии арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ хабар дода буд. Кумитаи дин гуфта буд, арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ 539 сомонӣ боло рафта, дар умум, 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад.
Ба қавли масъулони ин ниҳод, нархи нав дар натиҷаи тавофуқ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян гардидааст. Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи Ҳаҷро афзоиши қурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллар 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонӣ боло рафтааст.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Дар гузашта сафари зоирони тоҷик ба Маккаю Мадина тавассути ширкатҳои хусусӣ низ имконпазир буд, аммо ҳоло мақомот равуои ҳоҷиёнро танҳо тариқи Кумитаи дин иҷоза додаанд.