Рӯзи 7 – сентяри соли равон бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бо ташаббуси вазорати маориф дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон таҳти унвони «Ихтирокорони беҳтарин» баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати маориф хабар доданд, айни ҳол тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 40 нафар олимони ихтирокор аз муассисаҳои олии кишвар ба кумитаи тадорукоти озмун ихтирооти худро пешниҳод кардаанд.
Гуфта мешавад, ғолибони озмун бо мукофоти соҳавӣ ва молӣ қадрдонӣ мегарданд.{jathumbnail off}