Пан Ги Мун муҷозоти гунаҳкорони ҳамла ба мактабҳои Ғазаро тақозо кард
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид гулулаборони назди мактаб ва оҷонси кӯмак ба гурезаҳои фаластинии СММ-ро дар Рафаҳ шадидан интиқод кардааст.
Дар пайи ин ҳамлаи исроилиҳо дасти кам даҳ сокини осоиштаи Фаластин кушта шуд. Артиши Исроил далели ҳамларо эътироф карда, гуфтааст ҳадафи онҳо се узви “Ҷиҳоди исломӣ”-и савори мотосикл буд.
Пан Ги Мун ин ҳамларо ҷиноят номида, онро нақзи ҳуқуқи башар гуфтааст. Ҷонибҳои даргир бояд ашхоси осоишта ва иншоотҳои мансуб ба СММ-ро ҳифз намоянд. Ӯ афзуда, ҷойҳое ки барои сокинони осоишта ҳамчун паноҳгоҳанд, бояд минтақаи амн бошанд, на маҳалли амалиётҳои низомӣ. Пан Ги Мун гуфтааст, артиши Исроил чандин маротиба дар куҷо воқеъ будани чунин ҷойҳоро нишон додаанд. Дабири кулли СММ ба таҳқиқи ҳарчи зудтари ин ҳодиса даъват карда, хостори ҷазо додани гунаҳкорон шудааст.