Бозгашти Аскар Акаев, президенти фирорӣ, баъд аз нуҳ сол ба Ватанаш
Интизор меравад, Аскар Акаев -- раиси ҷуҳури собиқи Қирғизистон, ки ба дунболи “инқилоби лолаӣ”-и кишвараш рӯ ба фирор оварда, ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 5 август ба Ватанаш биёяд. Дар ин бора наздикону тарафдорони Акаев ба расонаҳои қирғизӣ хабар додаанд.
Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури собиқ барои иштирок дар азои бародари бузургаш, ки 2 августи соли ҷорӣ дар синни 82 даргузаштааст, ба Қирғизистон хоҳад омад. “Дар сатҳи олӣ муваофиқа шудааст, ки ӯ барои азои бародараш ба Ватан омада метавонад. Ҳарчанд нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст”,-навиштааст “Вечерний Бишкек”. Ин расона мегӯяд, эҳтимол Аскар Акаев мисли ҳар сокини одӣ тавассути хатсайри Маскав-Бишкек ба Қирғизистон биёяд.
Аскар Акаев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, ки аз кишвараш ба унвони “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ёд мешуд, моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ кишварашро тарк кард. Ӯву хонаводааш ҳоло дар Маскав машғули кору зиндагии худ мебошанд. Дар сурати омадани ӯ ба Бишкек, ин нахустин сафари Аскар Акаев баъд аз нуҳ соли фирор аз Қирғизистон мебошад.