Рустам Азимов: “Узбакистон бо ташхиси аввалияи Роғун розӣ нест"
Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, мегӯяд, кишвараш хулосаи аввалияи Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро қабул надораду ҳеч гоҳ аз ин тарҳ ҳимоят нахоҳад кард.
Ӯ ҳангоми суханронияш дар мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато, ки ду ҳафтаи пеш баргузор шуд, гуфтааст, “натиҷагирии ҳайати мушовирон ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғунро Узбакистон қабул надорад.”
Азимов ёдрас кардааст, ки то кунун намояндаҳои кишвараш дар ягон ҷаласаҳои гуруҳи кории муташаккил барои тарҳи сохтмони Роғун иштирок надоштаанд, чун ба гуфтаи ӯ, дар онҳо меъёрҳои сатандарти байналмилалӣ риоя нашудааст. “Қабл аз ҳама, чунин бовар бар он асос меёбад, ки бар хилофи мантиқи оддитарин ва таҷрибаи солим, нақши баргузоркунандаи тендер ва супоришдиҳандаи ба ном ташхисот (экспертиза) аз ҳисоби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ, ба уҳдаи ҳукумати Тоҷикистон гузошта шуд, ки дар ин раванд ҷониби аз ҳама ҳавасманд аст.”
Мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи иттилоот дар мавриди нерӯгоҳи Роғун рӯзи 18 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаато ба анҷом расид. Тибқи иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ, ки ташхиси байналмилалии Роғун зери назорати он гузашт, дар ҳамоиши Алмаато намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон лоиҳаи хулосаи ниҳоиро дар мавриди Роғун мавриди баррасӣ қарор доданд: “Лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди асоснокии техникӣ-иқтисодии Роғунро консорсиюми «Coyne & Bellier» ва ҷанбаи экологӣ-иҷтимоиро «Poyry Energy Ltd.» таҳия кардаанд. Иштирокдорони ҳамоиш масоили вобаста ба амнияти садди Роғун, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанбор, таҳдидҳои экологӣ ва дигар пайомадҳои эҳтимолии нерӯгоҳро мавриди баррасӣ қарор додаанд."
Анна Берде, мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Алмааторо нуқтаи ниҳоии омӯзиши мустақили нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар давоми 4 сол гуфта, таъкид намуд, ки ташхиси нерӯгоҳ бо татбиқи пешрафтатарин таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ шудааст: “Хулосаи расмӣ ва ниҳоии ташхиси байналмилалии Роғун моҳи август баъди таҳлилу барррасии пешниҳодҳое, ки дар Алмаато ироа шуданд, нашр мегардад”.
Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди Роғун мегӯяд, бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, агар дар ин раванд меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, пешниҳодҳои дахлдори коршиносони байналмилалӣ ба назар гирифта шаванд: “Лоиҳаи аввалия такмил дода шавад ва низоми назоратие таҳия гардад, ки аз замони сохтмон то истифодаи нерӯгоҳ фаъолият кунад.”
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад.