Таҳрими Pepsi ва Coca-Cola дар робита ба қазияи Ғаза
Бо нишони эътироз алайҳи куштори сокинони осоишта дар навори Ғаза садҳо қаҳвахона, тарабхона ва меҳмонхонаи Ҳиндустон аз тасмими бойкот намудани обҳои нушокии газдори тавлиди Амрико хабар додаанд.
Торнамои islamnews.ru менависад, ИМА аз ҳамлаҳои артиши Исроил ба Фаластин пуштибонӣ кард ва аз ин хотир тасмими таҳрим намудани маҳсулоти ин кишвар гирифта шудааст. “Тақрибан ҳазор қаҳвахона, меҳмонхона ва тарабхонаи Мумбай, пойтахти иқтисодии Ҳиндустон ба мизоҷони худ фурухтани нушокиҳои Pepsi ва Coca-Colaро манъ кардаанд”,-навиштааст манбаъ.
“Мо дар Ҳиндустон қарор дорем ва барои Ғаза танҳо ҳамин қадар кор карда метавонем. Аз зарба задан ба иқтисоди Амрико чӣ кори беҳтаре кардан имкон дорад?”,-гуфтааст Умар Шайх, соҳиби тарабхонаи Shalimarи Мумбай дар суҳбат ба OnIslam.net. Ҷовид Котвал, соҳибмулки меҳмонхонаи Persian Darbar ҳам илова кардааст, ки “мо аз рӯи принсипи Махатма Ганди амал мекунем, ки моро аз хушунат манъ кардааст”.