Тими миллӣ бо дастаи “Хайр” мусовӣ кард
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба бозии дӯстона бо Малайзия як бозии санҷишӣ анҷом дод. Дидори яккачини кишвар бо “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар Алмосии Ҳисор баргузор шуд, мусовӣ-0:0 поён ёфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 4 август тими миллии Тоҷикистон охирин тамринҳои худро дар Алмосӣ анҷом дода ба Душанбе меояд. Дидори дӯстони Тоҷикистон-Малайзия ҷумъаи 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00. Ин бозиро Александр Алиеви 27-сола аз Қазоқистон доварӣ хоҳад кард.